Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Баъзе вакилони Бундестаг қазияи Абдуллоҳро пайгирӣ доранд


Абдуллоҳи Шамсиддин
Абдуллоҳи Шамсиддин

Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, Олмон бояд аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, ки писари яке аз мухолифони давлатро аз зиндон озод кунад ва иҷоза диҳад, ӯ кишварро тарк кунад.

Даъвати Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Ҳюман Райтс Вотч (HRW) дар гузорише дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи тоҷик садо додааст, ки ӯро соли гузашта аз Олмон ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ карданд.

Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъоли мухолифон Шамсиддин Саидов аст ва ҳоло ҳукми 7 сол зиндонро дар Тоҷикистон адо мекунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише рӯзи 30-юми январ гуфт, айни замон теъдоде аз вакилони мардумии Бундестаг ё порлумони Олмон қазияи Абдуллоҳи Шамсиддинро пайгирӣ мекунанд.

Ба қавли созмон, ҳукумати Олмон дар музокирот бо Тоҷикистон абзори фишор дорад ва дар сурати хостан метавонад, онро истифода барад, чун Душанбе ҳоло дар талоши ҳамкории наздик бо Аврупо аст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар афзудааст, мақомоти Олмон набояд Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон бозпас мефиристоданд, чун онҷо ҳамеша хатари азобу шиканҷа шудани мухолифони давлат вуҷуд дошт.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин расман чизе нагуфтаанд, вале Дидбони Ҳуқуқи Башар ба нақл аз манобеи худаш гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин моҳи марти соли 2023 бо гуноҳи "даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" ба зиндон маҳкум шудааст. Пайвандонаш иттиҳомро рад мекунанд.

Абдуллоҳи Шамсиддинро моҳи январи соли 2023 аз Олмон ихроҷ карданд.

XS
SM
MD
LG