Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Танҳо вакилонро монданд." Муҳокимаи муттаҳамон ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев


Шӯҳрат Исматуллоев
Шӯҳрат Исматуллоев

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи муттаҳамон ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси "Ориёнбонк", бонки наздик ба хонаводаи президент, сар кардааст.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста ҷараён дорад.

Дар курсии айбдорӣ 14 нафар нишастаанд. Яке аз онҳо Дилшод Саидмуродов, машҳур бо лақаби "Дилшоди СБ" аст, ки дар гузашта дар Вазорати умури дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон кор мекард.

Пайвандони яке аз муттаҳамон бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи аввал 25-уми декабри соли 2023 гузашт.

“Муҳокима рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр низ идома кард. Имрӯз, 2-юми январ, мурофиа ҷараён дорад. Ба ҷуз аз вакилони мудофеъ каси дигаре иҷозаи иштирок дар мурофиаро надорад," -- афзуд мусоҳиби мо.

Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин бора расман шарҳе намедиҳанд. Пештар хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли манбааш дар ин ниҳод навишта буд, ки ба парванда муҳри махфӣ гузоштаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон 24-уми ноябри 2023 парвандаи 14 гумонбарро ба куштани Шӯҳрат Исматуллоев ба Додгоҳи олӣ фиристод.

Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд. Ба гуфтаи мақомот, ӯро 23-юми июн аз назди хонааш дар шаҳри Душанбе рабуда, баъди шиканҷа ба қатл расонидаанд.

Ҷасади муовини пешини раиси “Ориёнбонк” моҳи август дар минтақаи Саразми Панҷакент аз дарёи Зарафшон пайдо шуд. Ӯро дар Душанбе дафн карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG