Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯши бурида ва рӯйҳои вараму сиёҳи боздоштшудаҳо баёнгари чист?


Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов
Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов

Ҳомиёни ҳуқуқ гӯши бурида, як чашми аз косахонааш баромада ва рӯйҳои вараму сиёҳи баъзе аз гумонбарони ҳамла ба маркази "Крокус"-ро "шиканҷаи намоишкорона" ва "тарсондани мардум" донистанд.

Бозпурсии ин зодагони Тоҷикистон дар ҳузури чанд нафар анҷом шуда, аксу видеои он ба воситаи шабакаҳои наздик ба мақомоти Русия зуд нашру паҳн шуд.

Корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафтори мақомоти Русияро танқид карданд. Мақомоти Тоҷикистон ба тарзи бархӯрд ба шаҳрвандони боздоштшудаи худ дар Русия ҳеч вокуниш нишон надоданд.

Сухангӯйи Кремлин суоли хабарнигоронро дар бораи латукӯб ва шиканҷаи гумонбарони ҳамла бе ҷавоб гузошт, вале Омбдусмени Русия истифодаи шиканҷаро нисбат ба муттаҳамон "ғайри қобили қабул" хонд. "Ҳама гуна амалиёти фаврӣ бояд бар тибқи қонун анҷом дода шаванд," – гуфтааст Татяна Москалкова рӯзи 26-уми март ба хабаргузории расмии "ТАСС". Қонунгузории Русия истифодаи шиканҷаро манъ мекунад.

"Шоҳиди шиканҷаи намоишӣ шудем"

Татяна Локшина
Татяна Локшина

Таня Локшина, мудири дафтари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), мегӯяд, "мо на фақат шиканҷа, балки шиканҷаи намоиширо дидем. Ин чизи фарқкунандаи вазъияти имрӯза аст."

Ӯ рӯзи 27-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Панҷ сол пеш дар ҳамла ба метрои Санкт-Петербург низ гумонбарон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буданд. Онҳоро ҳам шиканҷа карданд. Инро медонем, чун бо вакилони онҳо дар тамос будем. Хадамоти вижа ва ё ҳукумати Русия ҳеч гоҳ инро фош накардааст. Он замон ин корҳо ғайриахлоқӣ дониста мешуд."

Ин ҳомии ҳуқуқ бовар дорад, ки шиканҷа дар кори ФСБ ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русия нисбат ба гумонбарони терроризм “як таҷрибаи ҷойуфтода аст”, вале ин корҳо намоиш дода намешуд. “Ҳоло онҳо намоишкорона амал мекунанд ва мегӯянд, “посухи мо нисбат ба одамоне, ки ба амнияти мо ҳамла карданд, чунин хоҳад буд," – шарҳ дод ӯ.

Олга Романова, мудири Бунёди иҷтимоии “Зиндониҳои Русия”, мегӯяд, шиканҷаи бераҳмонаи гумонбарон бо иҷозаи мақомоти боло сурат гирифтааст. Романова рӯзи 26-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “яъне, Русия ба як марҳилаи дигари ҳуқуқӣ гузаштааст."

Олга Романова
Олга Романова

"То ҳол ҳодисаи мудҳиштарини шиканҷа ва куштор (аз назари ошкорои он дар Интернет) истифодаи путк ё болға буд ва он ба рамзи ҷасорати “Вагнер” табдил шуд ва он ҳам бевокуниш монд. Ҳоло онҳо ба кори бадтар даст заданд ва акнун ба шиканҷа ва гӯшбурӣ дар Интернет рӯ оварданд,” – илова кард ӯ.

"Гуфтанӣ ҳастанд, ки..."

Ба назари хонум Романова, Русия ба самти ваҳшонияти хоси асримиёнагӣ ҳаракат мекунад: "Гуфтанӣ ҳастанд, ки бо асирону зиндониҳо чунин рафтор хоҳанд кард. Агар маҳбусон ба ҷанг нараванд, бо онҳо ҳамингуна хоҳанд кард. Албатта, ҳамаи ин барои барқарор шудани модда дар бораи ҳукми қатл аст."

Дар пайи ҳамла ба Красногорск, дар миёни сиёсамтдаромадони рус даъватҳо ба бозгардондани ҳукми қатл дар Кодекси ҷиноии Русия бештар садо медиҳанд. Ҳукми қатл дар Русия бо талаби Шӯрои Аврупо аз соли 1996 дигар татбиқ нашудааст ва дар бораи зарурати бозгардондани он моҳи январ президент Владимир Путин суҳбат карда буд.

Намояндагони созмони "Гурӯҳи зидди шиканҷа" шиканҷаи ошкор ва намоиширо як роҳи тарсондан ва фалаҷ кардани мардум донистанд. Онҳо аз ҳукумати Русия талаб доранд, ки омилони шиканҷаи гумонбаронро ҷазо бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба гузориши расонаҳои Русия, баъзе аз маъмурон барои корнамоӣ дар боздошти гумонбарон тавсифнома гирифтаанд.

“Мо ҳамеша бар ин назарем, ки арзиши далелҳое, ки нерӯҳои амниятӣ бо шиканҷа ба даст овардаанд, бисёр поин аст. Қурбониёни шиканҷа аксар вақт дурӯғ мегӯянд, то ҳадди ақал муваққатӣ аз хушунат халос шаванд. Иқрорҳои маҷбурӣ метавонад тафтишотро ба самти нодуруст барад,” – гуфта шудааст дар изҳороти созмон.

Таня Локшина, мудири дафтари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳам мегӯяд, “мо намедонем, ҳамаи он эътирофҳое, ки ин одамон ҳангоми буридани гӯш ё шиканҷа бо барқ кардаанд, қобили боварӣ ҳастанд ё на ва то куҷо гунаҳкор будани онҳоро дар ин ё он кор собит мекунад. Ин гуна шиканҷаҳои намоишӣ як фазои беҷазоиро нисбат ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ эҷод мекунад."

Гӯши бурида ва чашмони кафида

Ҳамла ба маркази мусиқии “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав шаби 22-юми марти имсол рӯй дод. Мақомот рӯзи 27-уми март гуфтанд, дар ин ҳодиса 140 кас ҷон бохта, тақрибан дусад нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти 11 кас гузориш дод.

То кунун ҳашт нафар – ҳафт зодаи Тоҷикистон ва як қирғизистонӣ – ба ҳабс гирифта шудаанд:

  • Далерҷон Мирзоев (Тоҷикистон)
  • Фаридуни Шамсиддин (Тоҷикистон)
  • Саидакрам Раҷабализода (Тоҷикистон)
  • Муҳаммадсобир Файзов (Тоҷикистон)
  • Исроил Исломов (Тоҷикистон)
  • Аминҷон Исломов (Тоҷикистон)
  • Диловар Исломов (Тоҷикистон, Русия)
  • Алишер Қосимов (Қирғизистон).
Далерҷон Мирзоевро рӯзи 24-уми март ба Додгоҳи Басманний ҳозир карданд. Ӯ беҳолу сардаргум ба назар мерасид, дар сару рӯяш осори латукӯб дошт ва дар гарданаш боқимондаи пакети селофанӣ овезон буд.
Саҳифаи “Grey Zone” дар Телеграм акси Фаридуни Шамсиддинро нашр кард, ки мақомоти қудратӣ ӯро ба замин хобонда, шимашро кашида ва ба олоти мардиаш дастгоҳи иртиботи ҳарбии ТА-57-ро монда буданд. Ин дастгоҳ барои шиканҷаи боздоштшудаҳо бо барқ истифода мешавад. Рӯзи 24-уми март, вақте ӯро ба додгоҳ оварданд, як тарафи рӯяш варам буд.
Дар шабакаҳои наздик ба мақомоти қудратии Русия навори шиканҷаи Саидакрам Раҷабализода, гумонбари дигар дар ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" пахш шуд. Дар видео дида мешавад, ки гӯши ин шаҳрванди Тоҷикистонро бурида, ба даҳонаш гзошта ва маҷбур кардаанд, ки онро фурӯ барад. Ба навиштаи “Фонтанка”, ин наворро шабакаҳои наздик ба гуруҳи зархариди “Вагнер” пахш кардаанд. Рӯзи 24-уми март Раҷабализодаро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки як тарафи рости сараш докапеч буда, дар рӯяш осори зарбулат намоён буд.
Муҳаммадсобир Файзовро рӯзи 24-уми март бо аробача ба толори додгоҳ оварданд. Вай ба тан либоси тиббӣ дошт. Ӯ рӯзи 23-юми март дар шуъбаи эҳё буд ва дар ҳамонҷо бозпурсӣ шуд. Гуфта мешавад, ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, як чашмаш аз косахонааш баромадааст.
XS
SM
MD
LG