Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, "Акбар Аҳмадов зинда аст"


Мақомот мегӯянд, ин шахс Акбар Аҳмадов аст
Мақомот мегӯянд, ин шахс Акбар Аҳмадов аст

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри ду видео рӯзи 6-уми сентябр эълон кард, ки Акбар Аҳмадов (Ахмедов), яке аз гумонбарон ба рабудан ва куштани бонкдори тоҷик Шӯҳрат Исматуллоев, "зинда аст". 

Рӯзи 3-юми сентябр Радиои Озодӣ бо такия ба се манбаъ, аз ҷумла наздикони Акбар Аҳмадов, хабар дода буд, ки Акбар Аҳмадов дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба таври шубҳабарангез фавтидааст. Яке аз манбаъҳо изҳор дошта буд, ки ҷасади ӯро ба аҳли хонадонаш супурданд.

Масъулони Додситонии кул рӯзи чоршанбе дар эъломияе хабари Радиои Озодиро такзиб карданд.

Онҳо дар Ютюб навори шахсеро гузоштанд, ки гуфта мешавад Акбар Аҳмадов аст ва ӯ ҳам инро тасдиқ мекунад. Вай ҳамчунин мегӯяд, ки бо вакили мудофеъ таъмин аст ва сиҳату саломат дар боздоштгоҳ қарор дорад.

“Шикоят надорам. Чанд бор мешавад, ки бо падару модар ва оилаи худ вомехӯрам”, -- афзудааст ӯ. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манобеи дигар имконпазир нест. Хабарингорони Радиои Озодӣ дар ҷустуҷӯи наздикони Акбар Аҳмадов ва макони зҳисти хонаводаи ӯ ҳастанд.

Дар навори дигар зане худро модари Акбар Аҳмадов муаррифӣ карда, аз он шиква намудааст, ки хабари Радиои Озодӣ дар се рӯзи охир ӯ ва хешонашро сахт нигарон намудааст.

Дар чанд соли охир дарёфти иттилои расмӣ дар Тоҷикистон мушкил шудааст ва Радиои Озодӣ бештар ба манбаъҳои худ бовар мекард. Ин зарурат дар ҳоле пеш омадааст, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Додситонии кулли кишвар дар бораи боздоштҳо ва иттиҳомот зуд ва расман хабар намедиҳанд.

Аз ҷумла, хабари боздошти соҳибкор Абдухалил Холиқзода пас аз қариб ду ҳафтаи воқеа замоне расонаӣ шуд, ки дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ тасдиқ карда шуд. То ҳол ягон мақоми давлатии Тоҷикистон аз ҳабс кардани нависанда Абдуқодири Рустам расман хабар надодааст.

Ин дафъа низ хабари гуё фавти Акбар Аҳмадов тавассути манобеи расмӣ имконпазир нашуд, чун ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин бора посух надоданд ва расона ба қавли се манбааш, ки баъзе аз онҳо наздикони худи Акбар Аҳмадов буданд, такя кард.

Мақомоти Тоҷикистон Акбар Аҳмадовро узви гуруҳе медонанд, ки рӯзи 23-юми июни имсол Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб ба қатл расонидаанд. Қазияи вобаста ба бонкдори наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон сарусадои зиёде ба бор овард.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Акбар Аҳмадов ба Русия фирор карда, таҳти пайгарди ҷиноӣ буд ва аввали моҳи август ба мақомот дар Тоҷикистон таслим шуд. Акбар Аҳмадови 36-сола ва соҳиби 6 фарзанд, то замони рабудани Шӯҳрат Исматуллоев ҳамчун мутахассиси компютер фаъолият доштааст.

Радиои Озодӣ аз модари Акбар Аҳмадов ва аҳли хонадони ӯ барои нашри хабари иштибоҳӣ маъзарат мехоҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG