Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Аслиддини нобино "некӣ" карду пулашро "рӯфта бурд"


Ба гуфтаи ин марди нобино, ҷавони ғоратгар ҳазор сомониро дар назди худашон рабуд.
Ба гуфтаи ин марди нобино, ҷавони ғоратгар ҳазор сомониро дар назди худашон рабуд.

Як марди нобино дар Душанбе 6 моҳ боз касонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи кӯмак ӯро ғорат кардаад ва пулашро бурдаанд.

Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, як ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулашро аз банкомат гирифтааст. Ҳарчанд, ин кор дар ҷойи серодами шаҳр ва зери дурбинҳои назоратӣ рух додааст, мақомот то ҳол ғоратгарро пайдо накарданд. Воқеа байти машҳури "дар он шаҳре, ки номардон асо аз кӯр медуздандро" ба ёд меорад.

Аслиддин Ҷалилов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса 10 сентябри соли 2023 дар назди бозори “Корвон”-и Душанбе рух дод. Он рӯз хешовандон барои табобати писараш, ба корти бонкии Аслиддин чор ҳазор сомонӣ гузаронданд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, вақте мехост бо кумаки духтараш ин маблағро аз банкомати бонки “Душанбе сити” гирад, ҷавоне онҳоро фиреб дод.

Шикояти марди нобино: "Аз некӣ гуфт, аммо ғорат кард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

“Ҷавон гуфт, ака кортро нодуруст мондед, корт руст мекунад. Азбаски ба духтарчаам он қадар боварӣ набуд, ин ҷавон аз мо истифода бурд. Як зан садо баровард, ки бародар инҳо нобиноанд, намебинанд, барояшон ёрдам кун. Вай аз афташ мунтазири ҳамин гап буд, ки духтарчаи маро як тараф тела карду худаш назди банкомат истода, ба мо ҳазор сомонӣ гирифта дод,”- ҳодисаро нақл мекунад Аслиддин.

Ба гуфтаи ин марди нобино, ҷавони ғоратгар ҳазор сомониро дар назди худашон рабуд. “Баъд корти маро акс гирифта, онро ҳамёни электронӣ пайваст мекунад ва ду ҳазор сомони дигарро аз он мегирад. Хулоса се ҳазор сомонии моро дуздид.”

Аслиддин Ҷалилов ҳодисаро бо алам нақл мекунад, чун ба гуфтаи худаш, он рӯз писараш дар беморхона буду ба он пул сахт ниёз дошт.

Аслиддини 38-сола бо кӯмаки наздикон роҳ меравад. Рӯзи воқеа духтараш ӯро ҳамроҳӣ мекард.

Бо гузашти ним сол аз ҳодиса, то ҳол ҷавонеро, ки пули марди нобиноро тасарруф карда буд, дастгир накарданд.

Аслиддин Ҷалилов ва ҳамсараш, ки ҳарду нобино ҳастанд, соли гузашта бо се фарзанд барои зиндагии беҳтар аз ноҳияи Данғара ба Душанбе омадаанд. Иҷора менишинанд. Бо фурӯши селофан дар бозори “Корвон” ва нафақаи маъюбӣ рӯз мегузаронанд.

Аслиддин барои ҳалли мушкилаш ба бонк, пулис ва додситонӣ муроҷиат кардааст. Масъулини бонки “Душанбе сити” дар посух ба муроҷиати Аслиддин Ҷалилов навиштаанд, ин ҳолат ба онҳо рабт надорад ва дар “натиҷаи розигии муштарӣ ё фориғболӣ” рух додааст.

Бонк навиштааст, пайдо кардани қонуншикан ва ҷинояткоре, ки бо ваъдаи некӣ пули Аслиддинро рабудааст, кори мақомоти милиса аст. Мақомоте, ки ба қавли марди нобино ҳеч коре то кунун аз дасташон наёмадааст.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2023 дар кишвар 4241 дуздӣ ва 107 ғоратгарӣ сабт шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дуздӣ назар ба соли 2022 камтар, аммо ғоратгарӣ зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG